top of page
Аз сарҳадҳо

EN  •  Issue 01  •  Беназир Иброимова

Тобистон, расо як сол пеш гуруҳи пажӯҳишгарони “Давра” ташкил шуда буд, ки дар он пажӯҳишгарон, рассомон, муаллифон, навозандагон ва эҷодкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон гирд оварда шудаанд. Ҳунарпеша ва коргардони Узбекистон Саодат Исмоилова дар доираи иштироки худ дар намоишномаи документа 15, 19 зани эҷодкорро аз Осиёи Марказӣ бо ҳам гирд овард ва ҷами беназири рассомони ҷавону дилчаспро ба вуҷуд овард. Мавзӯи асосии пажӯҳиши гурӯҳи ҷавонон кор бо хотира ва расму оинҳо шуд. Бо вуҷуди ин, раванди пажӯҳиш роҳҳои беназиреро пеш гирифт, ки дар он ҳар як иштирокчӣ алоҳида ё дар ҳамкорӣ мақолаҳои илмиро аз нав тафсир кардаанд, пажӯҳиши шахсии худро анҷом дод, бо истифодаи таҷрибаҳои бадеӣ муколамаҳои кушодро дар мавзӯъҳои ҳассосии иҷтимои оғоз кардаанд. Барномаи ҷамъиятие, ки барои документа 15 таҳия шудааст, таваҷҷуҳи берунии зиёд аз ҷомеаи ҷаҳонии санъат ба худ ҷалб кард, ва ба эҷодкорон аз Осиёи Марказӣ садои баландтар дод ва фазои амн барои муколамаи ошкоро фароҳам овард.

​

Дар ҳамин ҳол, документа 15, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонии санъати муосир ба ҳисоб меравад, масъалаҳои муҳими ҷамъиятии марбут ба мустамликадорӣ, бӯҳрони капитализмро таъкид намуда, нишон дод, ки санъат бештар аз фазои галереяи статикӣ аст. Корҳо ва изҳоротҳо дар Документа аз доираи суҳбати оддӣ оид ба масъалахои ҷамъиятию сиёсӣ, ки муҳокимаро талаб мекунанд, берун рафт. Баръакс, ҳунармандони Ҷануби Ҷаҳонӣ тавассути  тафаккури ҳалли масъала пешниҳод карданд, ки ба мушкилот шаффофона, дастаҷамъона, дар саросари сарҳадҳо, ба пайравии ниёгони худ посух ҷӯянд.

​

Ҳунармандон изҳороти “Дӯстӣ кунед, на санъат”-ро эълон карданд.

​

Равиши навоваронаи ҳалли мушкилот, ки моро ба ҷустуҷӯи роҳҳои эҷодӣ маҷбур кард, равшан нишон дод, ки санъат метавонад ҳамчун пуштибони ҷомеа хидмат кунад ва ба равандҳои беруна таъсир расонад.

​

Ҷамъияти пас аз пандемия

​

Бисёре аз мо хушбахтона аз пандемия наҷот ёфтем, ки ҳаёти моро комилан чаппа кард ва моро маҷбур кард, ки механизмҳои коҳиши ҷамъиятӣ ва институтсионалиро, ки ба раванди рушди устувор ва муҳимтар аз ҳама, одилона дар ҷомеаи санъат монеъ мешуданд, аз нав баҳо диҳем.

​

Бўҳрони ҷаҳонӣ ҷомеаи шаҳрвандиро водор мекунад, ки роҳҳои ҳалли навро ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҷустуҷӯ намояд. Тағйир додани таърифҳои кӯҳна ва тафаккури нави гузашта, бори дигар ислоҳ кардани самти ояндаи ҷомеа. Дар ҳамин ҳол, санъат торафт бештар сиёсӣ мешавад.

​

Аҷиб аст, ки бино бар ин бӯҳрон, консепсияи ҳунармандони муосир ва умуман санъати муосир таассубҳои шиносро аз байн бурд, ки санъат гӯё ба мардум тааллуқ надорад ва дар доираи танги богемаизми абстрактӣ маҳдуд аст.

​

Решаҳои умумӣ

​

Тоҷикистон, Қазоқистон, Қиргизистон ва Узбекистон таърихан ба хам пайваст шуда, заминаи беназири фарҳангиро ташкил медиҳанд. Аммо ин чорроҳаҳо на ҳамеша самти мусбӣ доштанд. Таҷрибаи умумии Ҳокимияти Шуравӣ, ки ногузир барҳам шуд, ва мамлакатҳо соҳиби истиқлолият шудаанд ва ҳар кадоми онҳо ба таври худ инкишоф ёфт. Бо вуҷуди ин, таҳкими диктатура ва мавҷудияти ҷудогонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат рукуди дохили ҷомеаро афзоиш дод. Паҳншавии худсензура ва пахш кардани ҳуқуқи инсон, ва тардид дар мавриди баҳси ошкорои худшиносӣ ва нобаробарии гендерӣ дар асри мубоҳисаи ҷаҳонӣ дар бораи тафаккури деколонизатсионӣ, тағйироти муносибатро ба масъалаҳои таъхирнопазири Осиёи Марказӣ ба назар овард.

​

Ба гуфтаи Ерофеева (2021)*, дар охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1990, дар оғози истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, санъати муосир дар Қазоқистон табиати зеризаминиро гирифт. Ҳунармандони насли аввал, ки мехостанд худро аз тиҷорат ва муассисаҳои давлатӣ ҷудо кунанд, аз ҷумлаи аввалинҳо буданд, ки масъалаҳои де-советизатсия ва бозсозии шахсияти худро таҳқиқ карданд.

​

Коллективҳои санъат дар Осиёи Миёна

​

Имрӯз, Қазокистон шоҳиди ба вуҷуд омадани коллективҳои нави бадеӣ, ки аз рассомон, кураторон ва фаъолон иборат аст. Коллективи Мата, гуруҳи ҳунарии Адыр Аспан ва платформаи Artcom ҳамчун намояндагони барҷастаи ин коллективҳои санъат фарқ мекунанд.

​

Дар Қирғизистон студияи санъати Synergy фаъол аст ва ҳаммуассисони он созмони мустақили BiSCA (Мактаби санъати муосири Бишкек) таъсис додаанд. Илова бар ин, маркази фарҳангии Кудук , Театри 705 ва MoFA + (Осорхонаи Осиёи Марказӣ оид ба санъати феминистӣ ва квир) мавҷуданд.

​

Дар Узбекистон соли 2022 як гурӯҳи мустақили эҷодкорон бо номи Қизлар таъсис дода шуд. Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон бо вуҷуди камтари озодиҳо, маркази фарҳангии Бохтар дар ҳоли рушд аст.

​

Бо вуҷуди ин, низоми мутамарказ, аз ҷумла муассисаҳои ҳунарӣ ва давлатӣ бо набудани таҳсилоте, ки ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ мувофиқ аст, дар роҳи равандҳои рушд монеаи ҷиддӣ ба миён меорад. Ҳамаи ин ба соҳаи маданият фишори беандоза монда, эҷодкоронро дар вазъияти ногувор мегузорад.

​

Мулоқот бо масъалаҳои иҷтимоӣ

​

Сарфи назар аз шароити душвор барои аҳли санъат, ин коллективҳо аз руи масъалаҳои актуалии умумичамъиятй-сиёсӣ муҳосиба ташаббус менамоянд.

​

Инро хам кайд кардан лозим аст, ки ангезаи асосии ин ташаббусҳои худташкил ин ҳамкории байни ҷомеаҳо барои ноил шудани табдили иҷтимоӣ на танҳо дар муҳити худ, балки дар равандҳои иҷтимоию сиёсии берунӣ мебошад. Ин равиш як шакли фасеҳ ва равони коллективизмро ташаккул дода, таҷрибаҳои бисёрсоҳавии ба раванд нигаронидашударо тавассути муколамаи кушод, тадқиқоти муштарак ва таҳсилоти алтернативӣ, ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инъикоси равандҳои зудтағйирёбандаи глобалӣ ташаккул медиҳад.

​

“Мо ҳамчун аъзои ҷомеа ба равандҳои беруна фаъолона вокуниш нишон медиҳем ва дар натиҷа афзалиятҳои имрӯзаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар лоиҳаҳои мо инъикос меёбанд”. - Диана Ухина (муассиси BiSCA ва Art Studio Synergy).

​

“Мо ташаббусҳои оммавиеро, ки дар минтақа ба вуҷуд меоянд ва маорифи маданй ба забони қирғизӣ пешниҳод мекунанд, дастгирӣ мекунем. Ҳамкорӣ бо платформаҳои ҳунарии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои мо муҳим аст, зеро яке аз ҳадафҳои Қудуқ таъсис додани филиалҳо дар Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон аст. Аз ин рӯ, барои мо муҳим аст, ки робитаҳоро на танҳо дар Қирғизистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ созем.” - Диана Раҳмонова (муассиси Қудуқ).

​

Муҳоҷирати русҳо, ки дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омада буд, ҳамчун катализатор барои таъсиси коллективи Қизлар дар Узбекистон хидмат кард.


“Яке аз сабабҳои асосии гирдҳамоӣ ин вуруди зиёди мардум аз Русия ба Осиёи Марказӣ аст. Мо аз таъсири фарҳангии онҳо дар Узбекистон нигарон будем ва мехостем, ки шахсияти худро ҳифз кунем ва муколамаи худро ташкил кунем. Гузашта аз ин, ҳамчун занон дар соҳаи эҷодкорӣ, мо дарк мекунем, ки мо ҳамчун коршиносон намоиш хурд дорем, зеро дар вазифаҳои қарордиҳанда аксар вақт мардон новобаста аз тахассусашон ишғол менамоянд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки муттаҳид шавем ва наимиш барои занон ва таҷрибаи занон таъмин кунем”. - София Сейитхалил (муассиси Қизлар).

​

Диана Раҳмонова ҳам чунин назар дорад: “Нобаробарии гендерӣ дар нақшҳои роҳбарӣ ҳамчун қувваи пешбаранда дар фароҳам овардани имкониятҳои алтернативии таҳсил барои духтарони мутахассисони ҷавон баромад карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки тавассути таҷрибаи андӯхташуда дар касабаҳои худ пеш раванд”.

​

Санъат озодӣ аст

​

Чунон ки пештар қайд карда шуд, санъат шаклҳои нав пайдо карда, шаклҳои гуногуни тадқиқотӣ ва процесс нигаронидашударо бо ҳам мепайвандад, ки дар ниҳояти ба озодии дохилӣ мерасонад.

​

“Барои ман, санъат озодист, ки тавассути он шумо метавонед мубоҳисаро дар бораи муносибатҳои иҷтимоӣ тағир диҳед ва барои ҳамдигар муҳити бехатареро пешниҳод кунед, ки дар он ҳама шунида мешаванд. Потенсиали санъат дар он аст, ки тавассути амалияи бадеӣ мо метавонем меъёрҳои иҷтимоии кӯҳнашударо аз нав муайян кунем”. - Диана Ухина (BiSCA , Art Studio Synergy)

​

“Тавассути мисоли худ мо мехоҳем нишон диҳем, ки тарсу ҳарос лозим нест. Мо ҳастем, шумо ҳастед ва якҷоя мо метавонем ба ҳамдигар кӯмак расонем, зеро ҳеҷ чиз ғайриимкон нест. Мо боварӣ дорем, ки бо ҷамъ омадан, мо метавонем дастгирӣ ва эътимоди ботиниро барои ҷомеаи худ, ки дорои потенсиали номаҳдуд аст, инкишоф диҳем”. - София Сейитхалил (Қизлар)

​

Манфиати беруна

​

“Мо дар ҳамкориҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок мекунем. Ба ташаббусҳои мо мароки байналмилалӣ мавҷуд аст. Мо инро махсусан дар документа 15, ки дар он ҷо бо ташаббусҳои монанд бо рӯзномҳои муштарак дучор шудем, эҳсос кардем. Он вақт мо фаҳмидем, ки мо бо санъати мувофиқ дар заминаи ҷаҳонӣ машғулем, ҳатто агар он на ҳамеша дар сатҳи маҳаллӣ эътироф карда шавад. Барои аксарият, санъат ҳамчун расме, ки дар девор овезон аст, қабул карда мешавад, ки онро осорхонаҳои мо пешкаш мекунанд ва ё дар мактабҳо ё донишгоҳҳо таълим медиҳанд”. - Диана Ухина.

​

Ҳамин тариқ, ғайримутамарказии ташаббусҳои худташкилшуда, ки ба таҷрибаҳои гуногуни бадеӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунанд, доираи глобалии рӯзномаи санъати муосирро, ки аз марзҳо фаро аст, инъикос мекунад. Новобаста аз дурӣ аз ниҳодҳои давлатӣ ва низомҳои муқарраршудаи иҷтимоӣ, ҷомеаи ҳунарии Осиёи Марказӣ яке аз усулҳои муассири ҳалли бӯҳрони тӯлонӣ, пуштибонӣ ва ҳамбастагӣ дар байни ҳамдигар ёфта, аз байн марзҳо ва таассубҳоро бурда, пайдо мекунад.

​

Дар ин замина, Давра бо ташаббуси Саодат Исмоилова яке аз аввалин платформаҳо гардид, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар арсаи байналмилалии санъати муосир муттаҳид намуда, бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои муҳими дипломатӣ ба вуҷуд овард.

​

​

*Ерофеева , В. _ ( 20 июли соли 2021 ). Самоорганизации художников в Центральной Азии. Часть первая : региональный контекст и история spaces artist-runs в Казахстане [Ташкилоти худидоракунии рассомон дар Осиёи Марказӣ. Қисми якум: контексти минтақавӣ ва таърихи фазоҳои рассомон дар Қазоқистон]. Ариадна медиа. https://ariadna.media/2021/07/20/artist-run-central-asia/

​

Тарҷумон: Илҳом Хошимӣ

bottom of page