top of page
Вуруди Рӯшноӣ

EN  •  Issue 02  •  Зелиха Зоҳра Шоҷа

Як омезиши ғайризаминӣ, байни чеҳраҳоямон ранги абрешими зарди тиллоӣ ва сабзи ушна, гоҳ ба пеш ва гоҳ ба ақиб такя такя мекардем. Мо дар қаҳвахонаи Zira Station, дар кӯчаи Пушкин (Душанбе) нишастаем, хонаам аз ин макон танҳо ду дақиқа дур аст. Мо бо якдигар бе ҳеҷ як дудилагӣ ва доварӣ сӯҳбат мекунем; як осонии хоса ва гузаштан аз як мавзуъ ба мавзӯи дигар, мисли кӯдакони бепарво. Ман либоси сиёҳи абрешимии туро таъриф кардам, ва ту гуфти, ки ман ба аяуаска (ayahuasca) ниёз дорам - ман инро рад накардам. Ба ту як халтаи шоколади toffee тӯҳфа кардам, ва ту хандидӣ. Мо дарк кардем, ки ҳардуямон дар дастҳоямон холкӯбии (тату) монандшакл дорем, ки дорои ранги кабуди индиго аст. Берун аз қаҳвахона, сигор мекашидем ва ба холкӯбиҳои якдигар нигоҳ мекардем. 

​

Дар зери менюи қаҳвахона, дар қисмати интихоби чойҳо навишта шуда буд: КЛИТОРИЯ (CLITORIA). Ман гумон кардам, ки тарҷумаашро нодуруст фаҳмидам, аммо ту менюро ба даст гирифтӣ ва бо ҳайрат хандидӣ: “Не, дар тоҷикӣ ҳам ҳамин тавр навишта шудааст!”. Ту пешхизматро фарёд кардӣ, то бипурсӣ, ки ин чӣ гуна чой аст. Пешхизмат халтаи он чойро овард. Он як ногаҳонии талх, вале каме ширин буд. Баъд мо сӯҳбатҳои ҷиддитаре доштем, масалан дар бораи Гӯшкунии Амиқ аз Полин Оливерос, ҳассосиётҳо, ҳамдардӣ, Ню-Йорк ва муҳаббату робитаамон бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ. Мо дар бораи орзуҳо, нақшаҳои оянда, нафратҳо, рӯҳоният, ва инчунин дар бораи ғояҳоямон оиди кор бо ҷомеатҳо сӯҳбат кардем. Ҳамаи ин танҳо дар як соати нишасти аввалинамон сурат гирифт. Ман бовари дорам, ки шахси хушбахтам, чунки чунин инсони шадидан меҳрубон ва пурмуҳаббатро вохӯрдам.

​

Мо роҳҳоро бо ҳам тақсим мекардем.

​

Вохӯрии кӯтоҳ мисли қисмат /  قسمة / kısmet эҳсос мешавад. Ман аз ту пурсидам, ки оё метавонам бо ту ба конфронси аэстетикӣ дар кампуси Нарини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамроҳ шавам. Конфронсе, ки дар он ман ҳанӯз моҳи июн қарор гирифтам, ки иштирок варзам, вале намехостам танҳо равам. Дар ҷавоб ту гуфтӣ, ки сабукӣ ҳис кардӣ, зеро ту низ ба он конфронс танҳо рафтан намехостӣ. Камтар аз як ҳафта баъд аз шинос шуданамон, мо аллакай дар роҳем. Якҷо қисмҳои чорчӯбаи чӯбиниро, ки ту дар Бадахшони Кӯҳи сохта будӣ, аз се сарҳад мегузаронем. Ягона чизе, ки ман метавонам бинам, ин бастаҳои печонидашудаи ранги нуқрагин аст. Он бастаҳо ин қадар ҷинҷдор шудаанд, ки дигар тасвири рӯи  худро дар онҳо дидан номункин аст. Марзбонон пайваста мепурсанд, ки исбот кун, ки ин силоҳ нест.

​

Мо кисаҳоямонро пур аз қурут / قروت / quroot карда, шохаи дарахти шоҳбалутро афкандем. Баъд аз он ки мо танҳо мондем, ниҳоятан дастҳо ва даҳонҳоямонро боз кардем.

​

14.09.2024, соат 18:14, Хуҷанд, Кӯчаи Пушкин

Шаби дароз вақтамон дар дохили нақбҳои дароз гузашт, ки дар наздикии Хуҷанд ва тавассути он мегузаштанд. Мо интизори раводидҳои электронии худ будем, то ин ки ҳуқуқи ворид шуданро пайдо кунем. Ин алакай баъд аз вақти кори маъмулӣ дар рӯзи ҷумъа рух медод, аз ин рӯ мо метарсидем, ки шояд тасдиқи раводидҳоямонро то рӯзҳои истироҳатӣ нагирем. Ногаҳон мо паёмак оиди тасдиқи раводидҳои электрониамонро қабул кардем, ва дар як дӯкони кабобфурӯшии наздик онро ҷашн гирифтем. Мо дар он макон ишораи гузаргоҳи пиёдагардро дидем, ки дар он ду симо медурахшиданд. Яке сурх ва ором, дигаре ҳаракат мекарду ҳамҳамон сабз меистод.

​

16.09.2024, соат 10:41 Дар наздикии дарёи Норин, Қирғизистон / near the Naryn River 

Як санги шаклаш ба қалб монанд дар кафи дастам лона мегузорад. Ман акси онро ба дӯстонам, ки пазмонашон шуда будам, фиристодам ва худи сангро бо худ ба Измир бурдам. Ҳар шаб ба он санг, ки дар назди кати хобам гузошта шудааст, нигоҳ мекунам ва дар бораи ҳамин лаҳза фикр мекунам. Ҳатто сангҳо барои ту аз муҳаббат месароянд.

​

16.09.2024, соат 10:42 Дар наздикии дарёи Норин, Қирғизистон / near the Naryn River, Kyrgyzstan

Ин аввалин аксест, ки ман аз ту гирифта будам. Чапани дароз ва сурхи дурахшони ту аз китфҳоят то ба поён меафканад. Он аз сояи ҳардуямон ҷорӣ шуда, бар замини хушк мухолифат мекунад. 

​

16.09.2024, соат 16:55 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Норин / University of Central Asia, Naryn 

Вақте ки ба мо тур барои шоносоӣ бо кампус мегузаронданд, мо аз назди экране гузаштем, ки чорабиниҳои дар пеш истодаро нишон медод. Ту дар назди кӯҳҳо расм мекашӣ, Назира ва Зени бошанд ба сӯи ту нигоҳ мекунанд. Мо ҳарду дар назди ин акс истодем ва аз шодӣ овоз баланд кардем. Дар он акс ту ба ман бо хандаи калон нигоҳ мекунӣ ва ба экран ишора мекунӣ. Дар дарси Аниса, донишҷӯён пораҳои матнҳои гуногунро ҷамъ карда, аз онҳо як бадани ҷозибе сохтанд, ки он ба мавзӯи: Одами Осиёи Марказӣ будан чӣ маъно дорад, бахшида шуда буд. Яке аз ҷумлаҳо махсусан ба назарамон расид: “Мардон занонро мустамлика карданд ва баъзе занон дигар занонро.”

​

17.09.2024, соат 18:59 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Норин / University of Central Asia, Naryn 

Барои як синфхонаи пур аз донишҷӯён, ту дар барои Гӯшкунии Амиқ, ки санъат ва нигоҳатро дигаргун карда буд,нақл мекунӣ. Чашмони донишҷӯён пур аз нур буд, ва ту тасмим гирифтӣ, ки як гурӯҳро барои гузаронидани мастер-класс ба берун барорӣ. Дар берун борон меборид, аммо ту аз он натарсидӣ. Яке аз донишҷӯён дойраи (даф / دف / daf ) туро ба даст гирифта, онро дар наздикии лойоб нигоҳ медошт, то ин ки фаҳмад, оё об садоро бармегардонад? Ӯ нишаст ва интизор шуд, дар ҳоле ки ту бо гурӯҳи бузургтар роҳро давом додӣ.

​

19.09.2024, соат 13:11 Дар наздикии дарёи Норин, Қирғизистон / near the Naryn River, Kyrgyzstan

Суроби пурқуввате аз мобайни кӯҳҳо поён фаромада, ба сӯи водӣ, ки дар дохили он дарё қарор дошт, равона мешуд. Ту қаблан ин кӯҳҳоро дида будӣ.

​

21.09.2024, соат 02:03 - Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Норин / University of Central Asia, Naryn 

Моҳи пурра аз миёни абрҳо баромада, кӯҳҳоро барои як лаҳза равшан мекунад. Он лаҳза моро дар оромӣ ва иттифоқӣ карор дод.

​

22.09.2024, соат 14:43 - Боғи Булут, Бишкек / Oak Park, Bishkek

Як муҷассамаи бетонӣ дар болои моҳии калоне нишастааст; сари он ба тарафи рост нигаронида шуда, дар дасташ санги аммонитро нигоҳ медорад. Ба назар мерасад, ки нисфи баданаш дар раванди мумиёшавӣ қарор дошта, тадриҷан ба як шакли ноаён табдил меёбад. Дар ҳоле ки ту аз назди ман мегузаштӣ, ман дар ҷоям истодам, то ин ки аз ҳайкал аксе бигирам.

​

22.09.2024, соат 14:45  - Боғи Булут, Бишкек / Oak Park, Bishkek

Боз як муҷассамаи бетонӣ. Марде рӯяшро ба рӯи асп наздик меоварад. Чашмони ҳарду бастаанд; онҳо бо ҳам алоқаманданд, якҷоя эҳсос мекунанд. Ин дафъа ту низ бо ман истодӣ ва мо якҷоя ба он муҷассама нигоҳ мекардем.

​

24.09.2024, соат 15:19 - Дар назди дарёи Варзоб, Душанбе / near the Varzob River Dushanbe 

Боз дар роҳем. Ронанда суръати мошинро кам мекунад, чунки рамаи гӯсфандҳои пашмашон навтарошида роҳро бастанд.

​

25.09.2024, соат 13:14 - Кӯчаи Мирзо Турсунзода, Душанбе / Mirzo Tursunzoda Street, Dushanbe

Ту ба ман занг зада гӯфтӣ, ки барои хӯрок хурдан ба тарабхонаи Афғонӣ меравем. Дар давоми роҳ, сарпӯши пластикӣ аз курсии ронандаи таксӣ аз сабаби боди ногаҳонӣ медарад. Пеш аз он ки пурра дарида пароканда шавад, дар як лаҳза он шакли қалбро мегирад.

​

15.10.2024, соат 08:37 - Душанбе

Гурбаҳои модарат хаста шудаанд. Яке ҷавон ва шӯх аст, дигаре бошад пир. Гурбаи сафедпӯсти калонсол ҷевони поёнии либосҳоятро мекушояд ва дар дохили он хоб меравад, дар ҳоле ки гӯрбачаи доғдор кӯшиш мекунад, ки ӯро бедор кунад, то ин ки ҷои бештар ёбад ё ин ки бозӣ кунад.

 

25.10.2024, соат 20:31 - Душанбе

Ҳангоми рафтанамон, моҳтоб бар анорҳое, ки дар боғи падарат овезонанд, нур мепошид.

 

26.10.2024, соат 00:22 - Душанбе

Барқ ногаҳон дар биноҳои атроф, аз ҷумла дар хонаи ту, хомӯш мешавад. Дар аввал мо фиғон задем, вале каме баъдтар ту шамъҳоро ёфтӣ. Ту як чапани сиёҳу сафеди печутоб хӯрдаеро пӯшидаӣ, тиреза кушодааст. Ту оташафрузакро гирён кардӣ, аввалан ба сигор оташ афканди, ва баъдан ба шамъҳо. Дар он лаҳза мо дарк кардем, ки торикӣ моро безобита намекунад. Ман ба ту калимаи форсии фариштаро ёд додам. [Дар хобҳои ман, ту дар он ҷо бо ман нишастаӣ ва ба ман омехта кардани рангҳоеро нишон медиҳи, ки танҳо ту онҳоро дида метавонӣ.]

 

26.10.2024, соат 11:21 - Душанбе

Дар кунҷи ошхона як кӯзаи калони асал, ки падарат ба ту тӯҳфа кардааст, гузошта шудааст. Рӯзи дақиқашро ёд надорам, вале ту аз ману Ҳарун хоҳиш карда будӣ, ки мо суруди Имшаб аз Далер Назаровро зинда иҷро кунем. Чеҳраи ту пур аз муҳаббат ва нур мешуд, вақте ки ба овозаш гӯш дода, оҳиста алвонҷ мезадӣ.

 

​
 

Имшаб, ман туро ёд кардам, Сабинаи азиз

امشب، یادت می آید سابینا عزیز

Tonight, I remember you dear Sabina


 

Тарҷумон: Анушервон Шоймардонов

bottom of page