Нигоҳи ӯ ба сартарошхона
EN • Issue 01 • Зумрад Мирзалиева
Дар Узбакистон муддати тӯлонӣ ҷудокунии шадид дар дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ аз рӯи ҷинс вуҷуд дорад. Ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки бо сиёсат ва қудрат иртибот доранд, маъмулан барои махсуси мардон ҳастанд, дар ҳоле, ки занон асосан бо фазои хусусии худ маҳдуданд. Ин ба табақабандии гендерӣ дар минтақа мусоидат кард, ки дар он ҷо занон ҳаракати камтар доранд ва дар хонаҳо ё маҳаллаҳои худ маҳдуданд ва қобилияти ҳаракат кардан аз рӯи намуди корашон муайян карда мешавад. Сарфи назар аз ин маҳдудиятҳо, занон нақши муҳимро дар дохили ҷомеаи худ иҷро мекунанд ва фаъолият дар тасарруф, гуфтушунид ва истифодаи ҷойҳои ҷамъиятӣ идома медиҳанд.
Яке аз чунин фазоҳое, ки ҳам мардон ва ҳам занон фаъолона истифода мебаранд (ҳарчанд алоҳида) сартарошхонаҳо мебошанд. Дар низоми мардсолорӣ, ки занон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ дастрасии хеле маҳдуд доранд, толорҳои зебоӣ аҳамияти калон доранд. Ин ҷойҳо ҳамчун паноҳгоҳҳои бехатар амал мекунанд. Дар он солимии эҳсосотӣ ва равонӣ метавонад тавассути мубодилаи пайвастаи таҷрибаҳо бо занони дигар афзоиш ёбад ва рушд кунад. Бо назардошти захираҳои маҳдуди солимии равонии сунатӣ, дар аксари минтақаҳои Ӯзбекистон, салонҳои зебоӣ барои занон имкони заруриро фароҳам меоранд.
.jpg)
(c) Зумрад Мирзалиева, Сартарошхона
Бо мақсади муқобила бо дихотомияи мавҷуди гендерӣ, ман лоиҳаи бо номи Сартарошхона оғоз кардам. Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки ба ҳамчун як зан имкон диҳад то ба фазое, ки масхсуси мардон аст дохил шавам ва бифаҳмам, ки оё вазъ ияти фарҳангии Сартарошхона ба салонҳои зебоии занона монанд аст ё не. Лоиҳа инчунин кӯшиш мекунад, ки аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии сартарошхонаҳоро сабт кунад чун онҳо ҳамчун муассисаҳои таърихию фарҳангии амал мекунанд. Ҳамчунин дар ин макон аксар вақт таҷриба ва касб аз як насл ба насл мегузарад.
_JPG.jpg)
(c) Зумрад Мирзалиева, Сартарошхона
Сартарошхонаҳо муҳитҳое мебошанд, ки дар он ҳувиятҳо зоҳир мешаванд, шакл мегиранд ва баррасӣ мешаванд. Ҳамаи ин раванд бар асоси идеаҳои муайяни мардонагӣ пойгузорӣ шудаанд. Мардҳо дастрасии маҳд уде ба ҷойҳои иҷтимоӣ доранд. Ин фазоҳо натанҳо макони оддии ороиш ҳастанд, балке як маркази иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар он мардон метавонанд дар бораи мавзӯъҳои муҳим сӯҳбату муҳокима кунанд. Динамикаи иҷтимоие, ки дар сартарошхонаҳо ҳоким аст, ба эҷоди ҳисси рафоқат ва иҷтимо кӯмак мекунад.
%20(6).jpg)
(c) Зумрад Мирзалиева, Сартарошхона
Бо вуҷуди ин, ҷаҳонишавӣ ва гегемонияи фарҳангии ғарб ба ин суннати фарҳангро дар хатар мегузорад. Сартарошхонаҳои суннатиро тадриҷан сартарошхонаҳои муосире, ки тақрибан якхела ҳастанд иваз мекунанд ва ин натанҳо як т ағйироти меъморӣ аст балки аз байн рафтани одату услуб аст. Ин нишонаи он аст, ки суннати фарҳангиӣ ва тарзи зиндагӣ, ки дар минтақа таърихан муқаррар шудааст нобуд хоҳад шуд. Афзоиши сартарошхонаҳои ғарбӣ ва истифодаи истилоҳоти ношинос таҳдид мекунад, ки хусусиятҳои беназири фарҳангиро, ки аз қадим бо таҷрибаи суннатии Узбакистон алоқаманданд, аз байн баранд.