top of page
Лаззат Хонум дар наққошиҳо

EN  •  Issue 01  •  Дана Искакова

Нахустин намоишгоҳи шахсии Лаззат Хонум ба номи “пеш аз рафтан” дар Алмато ба охир расид. Дар намоишгоҳе, ки дар Галереяи Аспан баргузор шуд, 24 осори наққошӣ аз лоиҳаи охираш ба намоиш гузошта шуд. Ҳадафи ин иншо он аст, ки Хонум чӣ чизеро ба тасвир мекашад, бо тасвир чӣ тавр муомила мекунад, ва дар матои рассомӣ худ чӣ гуна зоҳир мешавад ва пеш аз рафтан чӣ кор мекунад.

​

Ҳунарманди муосири Қазоқистон Лаззат Хонум (тав. 1994) таҷрибаҳои фотореалистҳоро идома медиҳад, ва ба аккосон дар наққошии худ истинод мекунад. Дунёе, ки моро иҳота мекунад, хаёти ашё ва композицияҳои ғайриоддии онҳо чашми Хонумро ба худ ҷалб мекунанд. Осори ӯ ҷаҳони моддии инсонмеҳвариро тавассути зебоишиносии инмтаграмии "Gen-Z" тасвир мекунанд. Бо аз наздик дидани ашё, ҳунарманд порчаҳои зиндагии  рӯзмарраи худро сабт карда ба матои рассоми мегузаронад. Ин раванд бо ҷудоии ҳунарманд аз ашё, чунончи дар аккосӣ равост, сурат мегирифт. Аммо вай на танхо олами атрофро мушоҳида мекунад, балки худро дар он мебинад, баъзан дахолат мекунад, онро тағйир медихад, ва равандро нишон медихад. Байни ҳунарманд ва он чӣ ро ӯ нишон медиҳад чӣ гуна муносибатҳо вуҷуд доранд?

​

Мушоҳида

lyazzat_01.01.2020.JPG

Лаззат Хонум, "01.01.2020", 2020, 70 × 70 см

Дар нигоҳи аввал 01.01.2020 (2020) чунин ба назар мерасад, ки дар тасвир чизе нодуруст аст, гӯё курсии сурх мисли роҳиби тибетӣ аз рӯи замин баланд аст. Бо нигоҳи наздик, мо мефаҳмем, ки курсӣ шикастааст - пои чапи пешаш, ки ба душвори намоён аст, ҷудо шудааст. Курсӣ чӣ гуна меистад? Оё меафтад? Дар ҳар сурат, он ба таври парадоксалӣ мутавозин ба назар мерасад, ҳатто агар барои як лаҳза бошад. Нисбат ба пасзаминаи дохилии ғайриоддӣ, ба назар мерасад, ки гӯё курсӣ ба он ҷо тааллуқ надорад. Рӯйпӯши сурхи сарватмандона дар ҳолати олӣ ва дасту пойҳои металлии дурахшанда. Шояд аз нуқсонаш шарм дошта, пушт гардонидааст ё баръакс. Ниҳоятан ӯ аз ӯҳдадориаш озод шудааст, ва метавонад ин идораро тарк кунад ва ҷаҳонро бубинад. Новобаста аз он ки мо онро чӣ гуна шарҳ медиҳем, 01.01.2020 портрет аст.

​

Дар ин ҷо ҳунарманд ҳамчун як нозири бетараф ва беғараз амал мекунад, ки  лаҳзаро дар акс сабт карда онро дар наққошӣ идома медиҳад. Руйкарди шабеҳро мо дар бисёре аз осори дигари Хонум мушоҳида карда метавонем, аз қабили Скар (2022), Актау (2022), Антидепрессант (2019), WC барои хризантемаҳои сафед (2022), вақт (2018) ва ғайра. Айнигароии аккосӣ як тасвир таассуроте мебахшад, ки муаллиф худро ҷудо мекунад то ба ҳадди ғоиб шудан. Аз ин рӯ, Хонум мустанадсози ҳаёти ашёе аст, ки онҳо ба ӯ аҳамият намедиҳанд.

​

Дар наққошиҳои Лаззат Хонум одамон нодиранд, ва онҳо низ аз тасвир шудан бехабаранд. Ҳам кӯдак дар асари Gen Z (2020) ва ҳам шахсе, ки дар асари she/|\|/them (2021) ҳастанд, пушташон ба аккос, ва акнун ба тамошобин аст. Тарзи истодани онҳо дар бораи махфият ва ҷудоии онҳо сухан меронад ва ба тарзи истодани курсии сурх дар 01.01.2020 шабоҳат дорад. Рассом ба фарқи байни одамон ва ашё аҳамияти зиёде намедиҳад, зеро ҳамаи онҳо қисмҳои ҳаётанд, ки Хонум онҳоро ҳамчун аккоси олами вахшӣ таҳқиқ мекунад. Ягона шахсе, ки аз ҳузури ӯ бохабар аст, худи ҳунарманд аст.

​

Мулоҳиза

lyazzat_landscape.jpg

Лаззат Хонум, "Манзара", 2022, oil on canvas, 100 × 100 см

Манзара (2022) воқеиятро воруна мекунад. Дар маркази манзараи кухсори сабз, дар шиша мо инъикоси манзараи хиёбону худи Лаззат Хонум, ки ин аксро мегирад мушощида мекунем. Ба назар мерасад, ки тасвир берунро бо баннери чопшуда нишон медиҳад, аммо он чизе, ки паси шишаи аст, дида намешавад. Ягона тугмае нурро дар дохили он хомуш нигоҳ дорад. Гӯё воқеият овезон шуда бошад ва Хонум саҳнаи мушоҳидаи касеро ёфта бошад. Берун ба дарун табдил мегардад ва баръакс. Мо одат кардаем, ки манзараро аз равзана бубинем, на дар манзараҳо. Мо одат кардаем, ки дар шиша манзараро бубинем, шишаро дар манзара. Рассом ин тасаввуроти маъмуоро шикаста, нишон медиҳад, ки аккосии реалистӣ метавонад сюрреалистӣ бошад ва манзараҳо низ портрет бошанд.

​

Кӣ киро тамошо мекунад? Лаззат Хонум гоҳ-гоҳ дар вақти шикори акс дар инъикос худро мебинад, ин кисми аввали раванди ҳунарии ӯ мебошад. Рассомро инчунин дар осори SELF i.e. (2021), берун аз хидмат (2022), дур/наздик (2021) ва ғайра дидан мумкин аст. Автопортретҳо, аз ҷумла селфиҳо ҳузури ҳунармандро нишон медиҳанд ва ӯро ҳамчун субъект ва хам объекти акс муаррифӣ мекунанд. Хонум чӣ гуна тасвир ва таассуротро мехоҳад эҷод кунад? Мо фақат қисмҳое аз ӯро мебинем, чеҳраи ӯ бепарво аст ва ба ҷои чашмонаш мо телефонро мебинем, ки ба сӯи мо нигаронида шудааст.

​

Вақте ки Хонум дар осори худ дигар нозири беруна нест, гуё вай девори чорумро мешиканад.

​

Дахолат

lyazzat_new_anew.jpg

Лаззат Хонум, "нав", 2022, 40 × 40 см

Лаззат Хонум, "аз нав", 2022, 40 × 40 см

аз нав (2022) ҳунармандро дар инъикоси корд, ки дар дар матои наққошӣ рангҳои сафед паҳн мекунад, сабт кардааст. Чун тасвири фотореалистӣ бо андозаи воқеӣ ҳамроҳ бо истифодаи рангҳои сафеди ҳақиқӣ Хонум як таваҳҳум биноӣ месозад. Вай чӣ кор карда истодааст? Чаро матои наққошӣ ба таъмир ниёз дошта бошад? Чунон ки Хонум пешниҳод мекунад — барои азнавсозӣ. Дар ин асар мо раванди корро мебинем, ки дар натиҷа қисми дуюми ин диптих аз нав (2022) ба вуҷуд омад. Сатҳи сафеди ҳамвораш ааллакай ҳамвор ва хушк шудааст. Нав trompe l'oeil (истилоҳи наққошӣ аст, ки дар он таваҳҳуми биноии себуъди дар як сатҳи дубуъдӣ эҷод мешавад) -аст, ки дар бораи мустанадсозии раванди таҷрибаи ҳунарӣ, ки дар паси асари анҷомшуда пинҳон аст.

​

Баръакси тезиси Зонтаг, ки аккос будан маънои иштирок накарданро дорад, Лаззат Хонум баъзан таҷрибаи ҳунарии худро сабт мекунад, ки дар ин лаҳза ӯ ҳунарпешаи асосист. Намоиши баъзе таҷрибаҳои шахси аввал ё "нуқтаи назар" (POV) як гароиши машҳур дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Рассом ин ходисаро дар асари худогоҳаш бо ҳамин ном, меомӯзад. Ин танзи постмодерниро мо инчунин дар ҳолати Strike a pose (2021) мушоҳида мекунем, ки дар он асари пешинаи ӯ дар мольберт “ҳолати истодан” барои дубора аккосӣ шуда сипас наққошӣ шавад. Дар осори ба монанди Пахши тугмаҳо (2020), сифр партов (2021), prproj (2021) ва ó (2020) мо мефаҳмем, ки Лаззат Хонум ҳамчун рассом боз чӣ кор мекунад.

​

Хонум ҳамчунин, аксар вақт ба воқеият дахолат карда, ба он чизи бегонаро илова карда, онро тағйир медихад. Одатан, вай бо аксбардории саҳнасозишуда таҷриба мекунад, аз қабили силсилаосори масуният (2021), маҷмӯи ёрии таъҷилии ба девор насбшуда (2021), тӯҳфаи рӯзи зодрӯз (2021) ва ғайра. Ҳатто баъзе наққошиҳо аз ҷониби ҳунарманд бо дахолати технологияи рақамӣ ба монанди Untitled (2020) бо баргҳои сабз дар банкомат сохта шудаанд. Чизе ки диққати Лаззат Хонумро ҷалб мекунад ин сюрреализм дар ҳолати маъмулии ашё аст, ки он ҳам ҳақиқӣ ва ҳам маснӯӣ будан метавонад.

​

Шоҳид, автопортретист, ҳунарманд ҳангоми кор ва касе аст кӣ ба воқеият дахолат мекунад — Лаззат Хонум дар наққошиҳои худ дар нақшҳои гуногун зоҳир мегардад. Ин нақшҳо ва инчунин нишонаҳои ҳузури ӯ, кор ва ҳунари ӯ дар аввалин намоишгоҳи шахсиаш бо номи “пеш аз рафтан” ба намоиш гузошта шудааст.

 

Тарҷумон: Илҳом Хошимӣ

bottom of page