Ҳ икояҳо дар синамои тоҷик дар давраи истиқлол: Нигоҳе мухтасар
EN • Issue 01 • Лолисанам Улуғова
Аз ман хоҳиш карданд, ки ба синамои тоҷик дар давраи истиқлол нигоҳ кунам. Аммо, ба назари ман, ин вазифа бо якчанд сабабҳо душвор аст. Авваллан, ман танқидкунандаи синамо нестам, хонандаро ба баркамолтарин муаллифони Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки метавонанд таваҷҷуҳи онҳоро ба равандҳои саноати синамои кишвар қонеъ гардонанд. Масалан, Шарофат Арабова ва профессор Саъдулло Рахимов, ки дар ин соха таҷрибаи калон доранд. Ва дуюм, ман мехоҳам барои Ruyò тадқиқоти калонтар гузаронам . Аз ин лиҳоз, ман даъвати андеша дар бораи синамои тоҷикро ҳамчун мушоҳида бо хушнудӣ пазируфтам.
Ман ҳамчун як пажӯишгари мустақил барои ташаккул додани андеша ба таҷриба ва дониши худам такя мекунам, аммо бори аввал нест, ки филмҳои тоҷикиро баррасӣ мекунам. Он дар давоми кори ман дар дафтари OSIAF (қисми шабакаи ҷаҳонии OSF, Ҷорҷ Сорос) оғоз шуд, вақте ки офис барои эҷоди фазо барои тафаккури интиқодӣ дар санъат ва фарҳанг кор мекард. Азбаски дар Тоҷикистон ҷои омӯзиши санъат, театр ва синамошиносӣ вуҷуд надошт, ман ҳамчун ҳамоҳангсози Барномаи санъат ва фаъолияти ҷамиятӣ, ман як барномаи омӯзиши интиқодӣ барои рӯзноманигорони маҳаллӣ ташаббус кардам. Ин аввалин таҷрибаи навиштани тафсирҳо барои чорабинии фарҳангӣ / намоиши филм / намоиши театрӣ барои ман буд. Ва ҳангоме ки ман малакаҳои навиштан ва таҳлилии худро такмил додам, ман дар дастрас кардани паёмам бештар эътимод пайдо кардам.
Бо ин назар, мехостам, ки минбаъд бо шумо, хонандагони гиромӣ, синамои тоҷикро ҳамчун инъикоси равандҳои ҷорӣ дар кишвар баҳс кунам.
Магар шумо медонед, ки Тоҷикистон аз куштор наҷот ёфт ва он то ҳол дар равандҳои сиёсӣ садо медиҳад, аммо дар филмҳо хеле кам садо медиҳад. Аниса Собирӣ , коргардони ҷавони муқими бритониё, як филми кӯтоҳ “Нолаи танбур”-ро таҳия кард, ки дар он дар бораи осеби ҷанг инъикос мекунад, дар мисоли як хонаводае, ки аз ҷанги бародаркуш осеб дида буд. Дигар филмеро дар ёд надорам, ки ҷанги шаҳрвандиро инъикос мекард. Ин мавзӯъ на танҳо барои мардуми оддӣ, балки барои одамон дар сари ҳокимиятҳам низ ҳассос аст. Роҳи Народни фронт тулон аст , ва тамоман якранг нест ва дар ин бора сухан рондан то ҳол маъмул нест ва хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, ҷанги тоҷик дар филмҳо бо роҳҳои дигар садо медиҳад.
Инфрасохтори харобшудаи саноати синамо, набудани қувваи корӣ ва маблағгузорӣ ва муҳимтар аз ҳама, худсензура (мутаассифона ман қонунҳои сершумори сензураи расмии давлатро номбар карда наметавонам) – филмсозонро дар мавзуъ, баёни худ ва ҷасорат барои таҷриба кардан ва бар зидди қонунҳои муқарраршудаи синамо баромад карданро маҳдуд мекунад. Ин ҷомеаи фарҳангиро аз одати арзёбӣ кардани синамо, театр, санъати муосир ва дигар чорабиниҳои фарҳанги баровардааст.
Дар Тоҷикистон як Кинофестивали байналмилалии “Дидор” вуҷуд дошт, ки аз ҷониби як гурӯҳи коршиносон ва ҳаваскорони синамо дар соли 2004 таъсис дода шудааст. Онҳо дар Осиёи Марказӣ ва дар қаламрави шӯравии собиқ робитаҳои густурда ва ояндадор доштанд. “Дидор” кӯшиш кард, ки дар соҳаи синамо дар сатҳи ҷаҳонӣ робита барқарор кунад, аммо муваффақ нашуд. Бешубҳа, сабабҳои объективӣ вуҷуд дорад, аммо баргузор нашудани як ҷашнвораи миллӣ, набудани пуштибонӣ барои филмсозони ҷавон ва майли онҳо ба эҷодкорӣ, сарфи назар аз маблағгузории ночиз, як намунаи нодилпурӣ ва яксониро дар дохили соҳа ба вуҷуд овард.
Ёд дорам, як замон, коргардони маъруфи тоҷики даврони шӯравӣ, солҳои 2017 ё 2018 дар коргоҳи худ дар кинотеатри ба номи Зебунисо (собиқ Дом Кино) аз иштирокдорони семинар пурсон мешуд, ки охирин китоби хондаашон чист? Ҷавонон нороҳатона табассум карданд, аммо коргардон бозпурсии онҳоро идома дод. Ман то ҳол дар он фикрам, ки бо ин усулҳои пурсиш таълим додани одамон комилан ғайриимкон аст. Байни насли имрўзаи синамогарони кишвар, ки мардуми тоҷикзабонанд, дар ВГИК ва дигар мактабҳои “олӣ”-и синамо таҳсил накардаанд ва синамогарони ботаҷриба, ки дорои дониши васеи академӣ ва шабакаи бузурги касбӣ мебошанд, тафовути калон вуҷуд дорад. Ба назари ман, Фестивали “Дидор” натавонист ин норасоиро бартараф кунад. Авторитаризме, ки ба қариб ҳамаи синамогарони кишвар аз давраи шӯравӣ мерос монда буд, ба гуфтугӯи наслҳо мусоидат накард ва равандҳои дарози соҳаи синаморо суст кард.
Сарфи назар аз мушкилоте, ки соҳа рӯбарӯ аст, синамои тоҷик пешравӣ нишон дод. Интернюс дар Тоҷикистон дар рушди филмсозии мустанад нақш мебозад. Илова бар ин, сершумор созмонҳои байналмилалӣ барои васеъ кардани рисолаҳое, ки аҳамияти назаррас доранд, грантҳои хурд медиҳанд. Ман фаъолона ин грантҳоро ҷустуҷӯ кардам, то ба ҳикояҳои худам овоз диҳам. Аз ҷумла филми аниматсионӣ “Ҳувайдо” ва филмҳои мустанади “Фарангис” , ки мушкилоти рӯбарӯи ҳунармандони зан дар ҷомеа меомӯзад ва “Мардони рақс” , ки доғи мардонеро, ки рақсро интихоб мекунанд, меомӯзад.
Дар замони ҳозира мавҷи коргардони ҷавони боистеъдод, ки мактабҳои синамоии Русия ва хориҷиро хатм кардаанд, ба манзараи синамо меоянд. Дар миёни ин садоҳои навпайдошуда Аниса Собирӣ, Пайрав Шарифов, Тамиша Муминова, Соҳибёр Толиб ва дигарон, ки ҳар кадоми онҳо нигоҳи беназири худро дар синамои тоҷик саҳм мегузоранд. Инкор кардан мумкин нест, ки оянда онхо дар таърихи синамои мамлакат дурахшон мешаванд ва шумораи ин номҳо зиёд мешавад.
Агар дар бораи оянда сухан ронем, маълум мешавад, ки ҳар як коргардони дар боло зикршуда диди хоси худро доранд. Чунончи, дар фильми «Бачаи обӣ»-и Файзулло Файз (2020), як қаҳрамони ҷавон бо номи Рамзес (нақши Меҳрочиддин Сафар) , ки бо ҳамсояаш робитаи амиқи эҳсосотӣ месозад, ки аз робитаи ӯ бо волидайни худ пеш гузашт. Ҳамин тавр, филми Умедшо Мирзоширин “Додараки Фариштахо” 2021 дар атрофи кӯдаке бо номи Файзулло (нақши Алиҷон Бобобеков) давр мезанад ва саёҳати у ба суи камолот, ки аз саъю кушиши ӯ барои раҳо шудан аз гирдоби бадбахтиҳои оилавӣ асос ёфтааст. Дар филми Манзали Шерали “Сарбор”, ки ба жанри филми роҳи рост меояд, нақл дар бораи як зан (нақши Саодат Сафарова) мегузарад, ки дар давоми филм беном боқӣ мемонад. Пеш аз он ки абадан нопадид шавад, фарзандашро ба ронанда месупорад. Ҳамин тавр, нигоҳи коргардон ба ояндаи кишвар чӣ гуна аст?
Дар “Бачаи Оби” қаҳрамони асосӣ Рамзес қуввати шахсиятро, гиройӣ ва эхтироми амик нисбат ба решаю анъанахои худ ифода мекунад. Дар баробари Рамзес боз як шахси назаррас дар симои Бобои Баракат, ҳамсояи хонаводаи Рамзес пайдо мешавад . Бобои Баракат ҳамчун шахсияти барҷаста хизмат мекунад ё мисли роҳнамо барои Рамзеси ҷавон дар бораи ҷаҳони баркамол маълумот медиҳад . Ин шахс аҳамият ба бурдани ҳаёти одилона, худдорй кардан аз машрубот ва эҳтиром нисбат ба калон ва пиронсолон таъкид мекунад. Зиёда аз он, Бобои Баракат ба модари Рамзес Соро Собир дастур медиҳад, ки аз мухолифати шавҳараш худдорӣ кунад ва қоидаҳои ӯро риоя кунад. Ин ангезаҳо ва пуёи шахсият кашфи мавзӯъҳои мазҳабӣ ва аҳамияти онҳоро дар ташаккули ҳаёт ва муносибатҳои персонажҳо таъкид мекунад.
Дар филми Умедшо Мирзоширин, қаҳрамони асосӣ Файзулло қувва ва ҷаззобият пешкаш менамояд. Ӯ масъулияти сарнавишти оилаашро ба дӯш мегирад ва бо омодагӣ худро қурбон мекунад, то аз лаънат раҳо шавад. Файзулло пошнаи худро сузонда, ба дарди тоқатфарсо тоб оварда, азми худро нишон медиҳад. Вай моҳияти як муҳофизи ҳушёрро таҷассум мекунад, ки бо ғаризаҳои асосӣ бедор шуда, хонаи худро бо шиддат муҳофизат мекунад. Файзулло барои бартараф кардани манфӣ ва берун кардани марг аз хонадон як даф оварда, аз модараш (дар иҷрои Барохат Шукурова) хохиш мекунад онро хангоми дафни хохари хурдиаш бозй кунад. Ҳузур ва таъсири ӯ чунон аст, ки модараш итоаткорона ба роҳбарии ӯ пайравӣ мекунад ва дар ин маврид як ритми зиндатар менавозад. Ин рӯйдоди ғайриоддӣ ҳамчун шаҳодати иродаи шикастнопазири фарди оянда хизмат мекунад, ки ба потенсиали таъсир ва шакл додани равандҳои ҷамъиятӣ ишора мекунад.
Дар филми Манзали Шерали, мо шоҳиди зане ҳастем, ки бо зӯровари аз хонаи шавҳар ронда, аз ҳуқуқҳояш маҳрум, ва дар ҳолати хомӯшӣ гузошта шудааст, ки ашкҳояш ягона чора медонад. Дар давоми филм, вай бе овоз мемонад, ба истиснои як ҳолат, ки вай аз ронанда хоҳиш мекунад, ки мошинро боздорад. Маълум мешавад, ки кӯдаки вай на танҳо аз ҷониби ӯ, балки аз ҷониби шавҳараш ва оилаҳои онҳо низ номатлуб аст. Ронанда, дар иҷрои Абдукарим Машраб, ки ғайр аз мошини вайрона ва оилаи мехрубони чаҳор духтар чизе надорад, ки худро танҳо бо кудаки бегона пайдо мекунад. Маълум мешавад, ки ӯ кӯдакро фарзандхондаги карда, ба ин кӯдак сарпаноҳ медиҳад.
Пас, ин ҳама ин барои мо чӣ маъно дорад? Тасвири шаҳри идеалӣ ба назар мерасад, ки аз васвасаҳо озод аст, дар он шаҳрвандони одил ба анъанаҳои худ бо эҳтироми амиқ муносибат мекунанд. Ҷое, ки оилаҳо аз лаънат ва гуноҳҳо холӣ буда, ҷомеаи шахсони оддиро тарбия мекунанд. Дар ин олами утопия кӯдаконро қадр мекунанд ва ҳеҷ гоҳ аз ноумедӣ партофта намешаванд. Шахс метавонад ҷойеро тасаввур кард, ки дар он одамон ҳушёр, ахлоқӣ ростқавл ва барои худ ва наздикони худ комилан кор мекунанд. Синамогарони тоҷик мисли бисёре зиёиёни дигар тасвири худ барои ҷомеаи идеалӣ доранд, ва андешаҳои худро дар бораи беҳтарин макони зист инъикос мекунанд.
Як ҷанбаи муҳиме дигар, ки ин рассомон таҳқиқ кардаанд, ин муносибати онҳо ба занон аст. Ҳамчун феминист, ман оптикаи гендериро дар мадди аввал мегузорам, ва ин баъзан бо интиқод дучор мешуд. Аммо ҳангоми баррасии осори се коргардони зикршуда маълум мешавад, ки махсусан Манзали Шералӣ нисбат ба ҳамзамонони худ ба занон ҳамдардии амиқтар нишон медиҳад. Идеяи деринаи ӯ дар бораи ба даст овардани достоне, ки шахсан шоҳиди он буд, ва тасвири бераҳмӣ ба зане, ки бе ризоияти падару модар ё хешовандонаш ҷуръати ошиқ шуданро дошт, бар ӯ вазнин буд. Тасвири барҷастаи Саодат Сафарова дар филми коргардон ин қиссаро зинда карда, аҳамияти рафъ ва мубориза бо чунин беадолатиҳо бар зидди занонро таъкид мекунад.
Умедшо Мирзоширин модари Файзуллоро хамчун мехрубон, вале нотавон тасвир мекунад . Дар хислати ӯ тобеъияти модар ба иродаи фарзанд, ҳамчун канорагирӣ аз низоъ ва итоат ба ҳукмронии мардон, ки пӯёи шинос дар ҷомеаи анъанавӣ аст, нишон медиҳад. Хамин тавр, дар филми Файзулло Файз модари Рамсес боз ҳам манфйтар тасвир ёфтааст. Вай ноумедии худро нисбат ба шавҳараш изҳор мекунад, ки дар масъалаҳои оилавӣ ноустувории ӯро эътироф мекунад. Тавассути овози баланд, табиати беғаразонаи зан, сарфи назар аз нияти ӯ барои саҳми мусбӣ ба некӯаҳволии оила нишон дода мешавад.
Намунаҳои беҳтарини синамои тоҷик асарҳои Бахтиёр Худоназаров ва Бақо Содиқ, ба хусус филми “Адонис 14” мебошанд, ки ман шахсан шоҳасари синамои ҷаҳонӣ ҳисоб дорам. Ҳар як филм як эҷоди нотакрорест, ки эҷодкор ҷаҳони ботинии худро инъикос мекунад. Сарват ё фақири ин ҷаҳон аз арзишҳое вобаста аст, ки тавассути таҷрибаи шахсӣ ва дониши андӯхташуда ба даст оварда шудаанд. Ҷаҳонбинии рассом бо вазни дониш ва таҷрибаҳое, ки аз вохӯриҳои шахсӣ ва мушоҳидаҳои дигарон ба даст омадааст, гуногунтар ва мураккабтар мешавад.
Аммо, дар кишвар паҳн шудани худсензураро эътироф кардан муҳим аст. Шиори асосии мамлакат дар тамоми сохаҳои фаъолияти чамъиятй “Бо хеч сухан ва кор ба мамлакат, ба сохти конституционӣ зарар нарасон” мебошад. Натичаи хамин аст, ки дар санъат ифодаи ҳиссиёти эътироз камӣ мекунад, яке аз нишондиҳандаи намоёни санъати советии тоҷик, ки то имруз ҳам давом дорад.
Шахсан ман тасмим гирифтам, ки ба воситаи театр ва синамо ҳикояҳои худро эҷод кунам. Ман орзу дорам, ки минбаъд дар олами санъати тоҷик ва доираи гуногуни эҷодкорону рассомон пажӯҳиш кунам. Ин таъқиб барои ман бебаҳост, ки ҳам таҷрибаи ғанӣ ва ҳам роҳҳои муҳим барои баёни худ ва дар ниҳоят ташаккули ҷаҳонбинии беназири манро пешкаш менамояд.
Тарҷумон: Илҳом Хошимӣ
Адабиёти истифодашуда:
1. https://www.instagram.com/sharofatarabova/?hl=en
2. https://tg.wikipedia.org/wiki/Саъдулло_Раҳимов
3. https://www.asiaplustj.info/news/life/culture/20180124/plach-tanbura-drama-o-malchike-anisi-sabiri
4. https://mediazona.ca/article/2020/11/10/leaders
5. https://www.facebook.com/profile.php?id=100068316431721
6. https://www.youtube.com/watch?v=4A6gZjzFTQ4
7. https://www.youtube.com/watch?v=Oik6BLDG7rI
8. https://www.youtube.com/watch?v=LDRHF736wxY
9. http://www.kinokultura.com/2023/79r-brother-angels.shtml
10. http://www.kinokultura.com/2023/80r-obuza.shtml
11. https://tojikfilm.tj/en/the-history-of-tajikfilm/
12. https://www.youtube.com/watch?v=LSpTnTFXbG0



