top of page
Таҷрибаҳои Сабина Хоррамдел

EN  •  Issue 02  •  Аида Адилбек

Сабина Хоррамдел, ҳунармандест, ки миёни Душанбе, Тоҷикистон ва Ню-Йорк (ИМА) зиндагӣ мекард. Сабина ҳаммуассиси Ruyo Journal, фарзанд, хоҳар, дӯст, шахси ҷасур, шӯх, хушмуомила ва нозук, вале ҳамзамон як шахси рӯҳонӣ низ буд. Сабина ҳанӯз аз даврони наврасӣ ба наққошӣ ва рассомӣ шавқу рағбат дошт, солҳо пеш аз он ки барои гирифтани дараҷаи бакалавр дар равияи “Синамо ва Васоити Ахбори Омма” ба донишгоҳи Purchase College SUNY ба ИМА сафар кунад, ки дар он ҷо асосан ба санъати садо таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Мисли бисёр ҷавононе, ки зиндагии калонсолии худро ҳамчун муҳоҷир оғоз карданд, ӯ роҳҳои гуногунро тай намуд, то дубора ба олами санъат баргардад. Ҳангоми мутолиаи баъзе аз ёддоштҳо оид ба фаъолияти ҳунарии Сабина, ки ба гуфтаи худи ӯ инъикоси ҳаёти шахсӣ ва таҷрибаҳои зеҳнӣ ва ҷисмонияш буданд, ман ба як қатор андешаҳо омадам, ки ба назари ман метавонанд аз ҳама беҳтар асарҳои ӯро тавсиф диҳанд:

 

С.Х: “Ман чӣ ҳис мекунам? Чӣ метавонад оромӣ бахшад? Ба ҷаҳон чӣ лозим аст?”

​

Ҳаёти шахсии Сабина, ки пур аз нооромиву печидагӣ буд, хоҳиши ӯро барои дарёфти такягоҳ, барои рамзкушоии эҳсосоти худ тавзеҳ медиҳад. Ӯ аксар вақт мӯйқаламро ҳамчун воситаи раҳо додани эҳсосоти худ истифода мекард. Асарҳои ӯ инъикоси мустақими ҳиссиётҳои ӯ буданд. Онҳо аз доғчаҳо ва хатҳои бешакле иборатанд, ки гирдгардон ва кунҷгузор бо ҳамдигар вохӯрда, дар чорчӯбаҳо маҳдуд ва аз тарафи ҳудудҳо фишурда мешаванд. Бисёре аз онҳо ба ман рӯдаҳоро хотиррасон карданд, ки бо марзҳои коғаз - яъне бадан, ё ин ки бо марзҳое, ки худи Сабина барои онҳо эҷод кардааст, яъне зеҳн - маҳдуд шудаанд. Бо вуҷуди он ки асарҳои ӯ ба назар экспрессивӣ ва абстрактӣ менамоянд, зарбаҳои мӯйқаламаш идорашуда ва бодиққат дар рӯи қоғаз гузошта шудаанд, баъзан хеле борик, вале бештар комилан тоза. Мисли иқтибосе, ки дар боло зикр шуд, ҷустуҷӯи ӯ барои дарёфт кардани худ ва рангҳои ҳақиқияш ҳамеша бо муқоисаи ниёзҳои худ ва ниёзҳои ҷаҳон ҳамроҳ буд, ин гуна менамуд, ки ӯ гӯё дар роҳи озод кардани даст ва мӯйқалами худ қарор дошт.

​

С.Х: “Ман ба наздиконам нозу неъмат доданро дӯст медорам. Баъзан орзу мекунам, ки дар зиндагиям касе мисли худам бошад, вале баъд ба ёд меорам, ки чунин кас ҳаст - он ман ҳастам”.

 

Ӯ пеш аз оғози наққошӣ маросими махсусе дошт, то ҳеҷ гуна эҳсосоти манфӣ аз тариқи ӯ ба рӯи коғаз роҳ наёбад. Аз ин рӯ, асарҳое, ки бояд ҳамчун ҷараёни мусбии эҳсосот ва огоҳӣ баён мешуданд, ҳамзамон муҳр бар он эҳсосоте буданд, ки ӯ онҳоро торик меҳисобид. Мисли бисёре аз ҳунармандони зан, дарки ӯ аз фаъолияти худ бо шубҳа ва дудилагӣ омехта буд. Пурра гузаштан ба озодии пурхаёл аксар вақт барои мо айёми дастнорас аст. Ин печидагиҳо дар худрасмҳои ӯ низ дида мешаванд, ки одатан бо рангҳои сиёҳӣ офарида шуда, чеҳраи нимшаффофи ӯ бо хатҳои хеле нозук сохта мешуд. Хатҳои қабат-қабат ва печида, мисли шабакаи риштаҳо, чеҳраи ӯро тартиб медоданд, ки дар он чашмони калони ӯ одатан ба пасманзараи пур аз гулҳо фаро мерафтанд ва Сабинаро аз фазое, ки ӯ дар он қарор дошт, ҷудо намекарданд. Ин шаклҳои бевазн ёдраскунандаи нозук ва меҳрубононае мебошанд, ки дар бораи ки будани худи ӯ нақл мекунанд.

 

С.Х: “Ман худро ҳамчун як зани мураккаб мешуморам, ман метавонам мухталиф ва зиддиятнок бошам. Аз ин рӯ, эҳсосотам дар чеҳраам навишта шудаанд”.


 

Тарҷумон: Анушервон Шоймардонов

bottom of page