top of page
Имрӯз Осиёи Марказӣ будан чӣ маъно дорад?

EN  •  Issue 01  •  Дилда Рамазан

Дар ин нашри ифтитоҳии Ruyò бо номи "Ба фикри ман" аҳамияти вижае дорад, ки аз поя ҳамаи саволҳое, ки ин нашрияи ҳунармандон ба миён мегузорад, оғоз кард. Кӯшиш менамоем, ки ба пурсишҳое, ки афкори ҳамватанону муосирони моро даргир кардааст, чанд посухи асосӣ диҳем. Ин тавр аст: имрӯз Осиёи Марказӣ будан чӣ маъно дорад? Дар зер рӯйхати чордаҳ нуктаи пайдарпайи ман аст, ки онро ҳамчун манифест дар назар гирифтан мумкин аст.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои дар худ доштан унсурҳои фарҳангӣ ва хотираи Осиёи Марказӣ ва мардуми бумии гуногун бо асолати Турк ва Порс дорад.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои аз насли мардум буданро дорад, ки теъдоде аз онҳо як замон дар ин сарзамин бегона буданд. Бархе аз онҳо маҷбурӣ ва бархе бо майли худ омаданд, аммо дар тӯли садсолаҳо, даҳсолаҳо, солҳо ва моҳҳо дар ин ҷо зиндагӣ карда, ин минтақаро хонаи нави худ шумориданд.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои онро дорад, ки дастаҷамъона кӯшиш кунем, ки дар ниҳоят ба худамон ва таҷрибаи беназирамонро аз нав дар марказ гузорему тамаркуз кунем. Номида шудани минтақа “Осиёи Марказӣ” бе сабаб нест, дуруст?

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои гуруҳбанди шудан ба воҳидҳои зиёди геополитикӣ ва сиёсӣ аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳуввияти мураккаби моро пурра тавзеҳ дода наметавонанд. Дар воқеъ, чӣ дунёи собиқ сосиалистӣ, чӣ дунёи собиқ шӯравӣ, чӣ дунёи ҷануб ё шарқ, чӣ туркӣ ва ё умуман ҷаҳони Осиё, ҳеҷ яке аз инҳо ба мо наметавонанд ҳувияти муносиб диҳанд. Ин маънои онро дорад, ки натанҳо ҳама шаклҳои ҳувиятхоҳӣ қалбакӣ мебошанд, балки мероси ғании мо ва ҷойгоҳи ҷуғрофии стратегии мо ба мо ҳувияти бениҳоят инъитофпазирро фароҳам овардааст. Ин хусусияти мо берун аз ҳар гуна зарурисозӣ аст.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои муборизаи доимӣ мо барои доштани ҳадди ақалли шараф ва ҳуқуқҳои инсон бо ҳукуматҳои авторитарии мо аст. Бо назорату саркӯб, онҳо ҳеҷ гоҳ ба шикастани иродаи мо муваффақ намешаванд.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои ҳамеша таҳти таҳдиди сиёсати экспансионӣ ва иштиҳои империалистии серинопазири давлати террористии ҳамсоя буданро дорад.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан аксаран маънои онро дорад, ки ниёзи аз нав омӯхтани забонҳои модарии худ вуҷуд дорад, зеро онҳо беэътино ва саркӯб карда шуданд.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои пайдо кардани зебоӣ ва нерӯ дар он чизҳое, ки як замон "бемаданият" ва "бесавод" номида мешуданд.

​

• Аммо дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои дар доми ҳолати «ҷабрдидаи мустамликадорӣ» қарор доштан надорад, на. Ин маънои комилан баръаксро дорад: фаҳмидани он, ки чӣ аз даст дода шуд ва ба чӣ қиммате. Фаҳмидани эҳтимоли ҳамкориҳои мардуми дохилӣ бо душмани хориҷӣ ва зарар натанҳо аз ҷониби бегонагон балки аз сокинони маҳаллӣ низ вуҷуд дошт. Ва ниҳоят ба дӯш гирифтани масъулияти сохти ояндаи беҳтар.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои бо ҷангҳо нерӯманд шуданро дорад. Ҷангҳое, ки натанҳо дар дохили худи минтақа сурат гирифтаанд, ки таърихи ғамангез доранд, балки ҷангҳое, ки ҳоли ҳозир дар остонаи мо ҷараён доранд.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои эҳтимолан дар даҳсолаҳои оянда ба камбудии оби ошомиданӣ дучор шуданро дорад. Ин маънои нафаскашии ҳавои ифлосро дорад, ки щукумат дар бораи он ҳатто парвое надоранд.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои ҳифз, ғамхорӣ, шунида шудан тавассути ҷомеаҳои фаъолонро дорад, ва ҳамзамон аз ҷониби режимҳои фасодзадаи сиёсии мавҷуда пайваста хомушкунонидан аст.

​

• Дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои вориси ҳуқуқии саҳнаи ҳунарии пуёи минтақа буданро дорад. Ба сухани дигар воситаҳои ахбори омма ва шумораи зиёди мавзӯъҳои мухталиф ва мубоҳисаҳои назарӣ, ки тавони созгор кардани кучманчигӣ, шаманизм, таърих ва сиёсати шахсиятро бо омӯзиши квир ва гендер, деколонизатсия ва ғайриинсониро доранд.

​

• Дар ҳол будани ҳамаи чизҳои дар боло зикршуда ва ҳамзамон ҳеҷ яке аз он набуданро дорад. Ва бештар аз ҳама, дар соли 2023 Осиёи Марказӣ будан маънои дар ин раванди дастаҷамъонаи зебои тахаюл ва созиш иштирок карданро дорад. Мо аз заминаи умумӣ, ки ҳамеша дар инҷо буд ва хоҳад монд, оғоз намуда, дар он реша давонда, ояндаеро месозем, ки дар ниҳоят он диди моро инъикос мекунад ва дигар ҳеҷ каси дигарро.

 

Тарҷумон: Илҳом Хошимӣ

bottom of page