Мо чи дар назар дорем вақте ою-орнек мегӯем
EN • Issue 01 • Аида Адилбек
Чӣ мешуд агар шумо танҳо як калима гуфта метавонистед? Кадом калимаро интихоб мекардед, ки фикри худро дар лаҳза баён кунед? Ин фикр пас аз тамошои филми "Секунҷаи ғаму ғусса"-и Рубенс Остлунд дар ман пайдо шуд, ки дар он яке аз қаҳрамонҳо пас аз инсулт танҳо як калима гуфта метавонист. Ман фикр мекардам, ки чӣ гуна метавон аз ин маҳдудиятро раҳоӣ пайдо кард? Оё мо метавонем аз ин маҳдудияти шифоҳӣ озодӣ пайдо кунем? Зеро мо худро аз сохторҳои муошират раҳо мекунем.
Акнун, вақте ки шумо инро тасаввур карда метавонед, на як калима, балки дар бораи изҳороти визуалӣ фикр кунед. Чӣ мешавад, агар тамоми фарҳангу таърихи шумо ба як рамз, як орнамент маҳдуд шавад. Масалан, Қошқар Муйиз. Қошқар Муйиз – як нав орнаменти Осиёи Марказӣ буда, ҷузъи тасвироти универаслии Қазоқистони соҳибистиқлол гардид, ки ба шохи гусфанд шабоҳат дорад.
Ин орнамент дар ҳама чиз нақш мегардад: пироҳанҳо, қуттиҳои партов дар кӯчаҳо, намои биноҳо ва ғайра. Ин гуна нусхабардорӣ ва истифода маро солҳо ба хашм меовард. Дар донишгоҳ ҳангоми дарсҳои таърихи ҳунар дар Қазоқистон мо дар бораи нишонаҳои қазоқӣ бисёр чизҳоро омӯхтем: чигуна онҳо вобаста ба ҷоигузориашон тағйир мекунанд, аз ин рӯ орнаментҳои либос аз орнаментҳои мебел фарқ мекунад; дар бораи гуногунии навъҳои онҳо, ки аз рӯи ҷуғрофиёи аслии худ шакл тағйир медиҳанд, аз он сабаб, ки қаламрави васеи кишвар самтҳои зиёди рушди ҳунарӣ-корбурдӣ ва тасвири визуалии онҳоро дошт. Маро ба ғазаб овард, ки имрӯз мо чӣ аз ниёгонамон ҳеҷ тассавуроте надорем ва ман фикр мекардам, ки дар ҳама ҷо гузоштани як орнамент ин танбалӣ аст. Ҳоло, солҳо пас аз хатми донишгоҳ ман фаҳмидам, ки ин тақрибан ба он монанд аст, ки шахс пас аз осеби мағзӣ боз ҳарфҳои худро пайдо мекунад ва аз аввал сухан гуфтанро ёд мегирад. Фарҳанги ман осеби мағзӣ дошт ва барқароршавии мо то ҳол идома дорад.
Дар роҳи барқароршавӣ равшан аст, ки мо бояд қадам ба қадам ҳамаи он малакаҳои асосии ҳаёти ҳаррӯзаи моро аз нав омӯзем. Мо бояд ҳар як сухан, ҳар як ишора, ҳар як орнаментро ба реҷаи доимӣ ва такроршаванда табдил диҳем. Мо бояд маҳдудиятҳои худро зери шубҳа гузорем, то онҳоро ба озодӣ табдил диҳем.
Яке аз мушкилоти аввалини шахсии ман ин буд, ки ҳангоми сухан дар бораи ҳунарҳои корбурдии қазоқ аз истифодаи калимаи “орроишӣ” даст кашем. Истилоҳи «ҳунарҳои ороишӣ-корбурдӣ» ба забони қазоқӣ аз забони русӣ ҳамчун шакли гуруҳбандии таҷрибаҳои ҳунарӣ тарҷума шудааст. Шӯъбаи ҳунарҳои ороишӣ-корбурдии академияи ман дар ҷои дуюм дониста мешуд, ҳамон тавре, ки дар шӯъбаҳо осорхонаҳои маҳаллӣ, ҳамеша пас аз кафедраҳои ҳунари тасвирӣ меомад, аз қабили наққошӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра. Ин силсиламаротиб бо гурӯҳбандии ҳунарҳои классикии ғарбӣ дар аввали асри 20 тавассути империлизми Советӣ ба мо омадааст. То имрӯз мо таърихи ҳунари қазоқро дар асоси адабиёти шӯравӣ меомӯзем, ки аз оғози ҳунарҳои тасвирӣ бо аввалин рассомони қазоқ, ба мисли Абилхон Қастеев, Канафия Телжанов ё Молдахмет Кенбоев ки дар Маскав ва Санкт-Петербург дарс гирифтаанд. Ба андешаи ман ин ҷумлаи “нахустин рассоми қазоқ” ҳамаи он рассомони ношиносро хазф мекунанд, ки на танҳо асарҳои мазмунӣ эҷод мекарданд, балки осори корбурдӣ ва сайёрро, ки дар зиндагии кӯчманчиҳо фарогир буданд. Баъдтар дар гурӯҳбандии «ҳунари ороишӣ-корбурдӣ» як сатҳи дигар, ҷанбаи мазмунӣ ва зеҳнии на танҳо асар, балки забони намодҳоро аз байн бурд.
Имрӯз, вақте ки мо намодҳоро ба сатҳҳои гуногун тасвир менамоем, мо натанҳо ҳадафи онҳоро аз даст медиҳем, зеро мо на ҳама вақт дарк мекунем, ки онҳо чӣ маъно доранд, мо инчунин эҷодкорӣ дар баёни худро тавассути ин забон аз даст додаем. Нишонҳо ва идеяи паси онҳоро ҳамвор кардаанд, онҳоро танҳо бо ҷанбаи ороишӣ, зебоишиносии худ боқӣ гузоштанд, танҳо барои дидан, на дарк.
Барои Ҷели мо мебинем, ки вай палитраи пасзаминаро истифода намебарад ва пасзаминаи сиёҳ боқӣ мегузорад.
Бо далели таҳқиқи он, мо бо Оиша Ҷандосова дар бораи он, ки чӣ тавр метавонем забони ороиширо дубора омӯзем сӯҳбат кардем. Оиша Ҷандосова пажӯҳишгар ва тарроҳи қирғизу қазоқ аст, ки моҳи октябри соли 2021, баъди як соли пандемияи коронавирус ба буридани коғази ороишӣ шурӯъ кардааст. Ӯ ба воситаи ин фаъолият барои худ ба истилоҳе «хона» ёфт. Оиша дар ИМА кору зиндагӣ мекунад, аммо зуд-зуд ба аёдати хонаводааш дар Қазоқистон ва Қирғизистон меравад. Моҳи сентябри соли 2021 як сол мешуд, ки ӯ аз оилааш дур буду орзӯи дар хона буданро дошт. Ҳамон замон ба кашидани ою-юрнек (орнамент ба забони қазоқӣ) оғоз кард. Сипас ба буридани теъдоде аз онҳо пардохт, чунончӣ дар замони мактабхониаш аз қоғаз барф мебурид. Дар моҳи октябр ӯ ба чолиши маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ инктобер (#inktober) мепайвандад. Дар ин ҷолиш рассомону тарроҳон дар тӯли моҳи октябр ҳар рӯз расм мекашанду нашр мекунанд. Оиша 31 рӯз орнаментҳои қоғазии буридаашро, ки аввал аз рӯи китоб мекашиду баъд аз рӯи Сирмак, як навъ қолини намадӣ, нашр мекарду ҳештаги худро #oyuörnektober мегузошт. Сирмак маъмулан аз қитъаҳои ду рангаи намадӣ сохта мешавад, акасаран сиёҳ ва сафед. Онҳоро ба шакли орнамент бурида, дар як қолини намадии дигар, ки ҳамчун пасзамина ҳаст ҷойгир менамоянд. Ин гуна сохтор ҳисси ворунагӣ медиҳад. Он қитъаҳо ба ҳам духта, аз рӯи хатҳои орнамент гулдӯзӣ мешаванд. Аз ин рӯ барои Оиша мантиқӣ буд, ки орнаментҳоро аз ин осор интихоб кунад, чун раванди буришашон монанд буд.
Баъд аз он, ки #OyuÖrnektober2021 ба поён расид, Оиша дар тӯли сол ҳар ҳафта ба пажуҳишаш идома медод. Дар раванди ин кашфиётҳо, Оиша борҳо ба дунёи пиромун рӯй меовард, то бо истифодаи табиат ҳамчун пасзамина, коллажҳо ва Сирмакҳои қоғазинашро мустанадсозӣ кунад.
Октябри соли дигар расид. Ин бор дар тирамоҳи соли 2022 Оиша тасмим гирифт ба Ҷели-Сирмак, яъне орнаментҳои ҳошия тамаркуз кунад. Раванди рассомиаш ва буриданаш тағйиир кард, яъне акнун ӯ мебурид, нусхабардорӣ мекард, пасзаминаро бо ранги дигар месохт. Барои Ҷели бошад, мо мебинем, ки вай палитраи рангии пасзаминаро истифода намебарад ва пасзаминаро сиёҳ мемонад. Ҳангоми сохтани ҳошияҳо, Оиша қисмати марказро холи мемонду диққати моро ба моеъ будани ою-орнек ҷалб мекард, ки он чӣ гуна фазоро иҳота мекард.
Ҳангоми суханронӣ дар бораи таҷрибаҳояш Оиша ба калимаи реэкзистенсия ишора мекунад. Ин истилоҳ тавассути Адолфо Албан Ачинте пешниҳод шуда, аз тарафи Мадина Тлостанова тавзеҳ дода шудааст. Ва ман онро чунин мефаҳмам: азнавсозӣ ва бозсозии таҷрибаҳои зебоишиносӣ ва эҳсосии ниёгони қазоқ ва қирғизи ман, мегӯяд Оиша. Ин суханони ӯ дар бораи каталоги намоишгоҳи гурӯҳии “Абрҳо, Нерӯ ва Орнамент – Осиёи марказии сайёр” аст, ки дар он лоиҳаи ӯ бо номи “Омӯзиш аз Ҷели” дар моҳи феврали 2023 дар Ҳонг Конг муаррифӣ шуд. Дар “Омӯзиш аз Ҷели” Оиша равиши азнавсозӣ ва аз нав пайвастшавӣ ба забони орнаментҳоро мавриди истифода қарор додааст. То тамошобинон худ битавонанд нақшҳои ою-орнекро бозсозӣ намоянду тавассути он, дар таҷрибаҳои эҳсосӣ дар пайдо кардани роҳҳои табодули тасвир ба ҷисм, шарик бошанд. Таҷрибаи Оиша ба ман ҳисси фаҳмиш ва калиди сухангӯи бо забони орнаментҳоро додааст. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки ин роҳе барои баргашт ба он аст. Аммо вақте коғазбуришҳои Сирмаки Оишаро дидам ва чӣ гуна ӯ аввал ба осори асил ва ҳунарманде, ки онро сохтааст ишора мекунад, дарк кардам, ки мо метавонем натанҳо мисли ӯ забони орнаментҳоро омӯзем, балки ба равиши нави худ ёд гирем. Барои Оиша орнаментҳо натанҳо тасвирҳои зебо ҳастанд, балки қисме аз рӯзмарааш шудаанд. Ӯ онҳоро тавассути эҳсосе, ки ба ӯ мебахшанд дарк мекунад, на аз тариқи шаклашон.

(c) Оиша Ҷандосова
Равиши Оиша ба ман илҳом бахшид, то ман бо таҷрибаҳои падарбузургонам, ки асрҳо пеш зиндагӣ мекарданд, аз нав бипайвандам. Вақти ман ба мизи ҷубӣ нигоҳ мекардам, ҳамеша бароям ҷолиб буд, ки онҳо чӣ пайёме дар он ба ман гузоштаанд. Ман шак доштам, ки ягон вақт онро дарк хоҳам кард, аммо аз як замон, ман ба кашидани он орнаментҳо шурӯъ кардам. Номҳои орнаментҳоиро, ки падарбузургам кашида буд, дар китоби Ералӣ Оспанов “Атласи этнографии орнаментзои Қазоқӣ” пайдо кардам. Ин китоб маҳсули 15 сол ҷамъоварии хотираҳо, бойгонӣ ва корҳои саҳроӣ мебошад. Аз асарҳои нахустини Ералӣ омухтам, ки вақти касе як орнаментро ба сурати хаттӣ такрор менамояд, ба номи орнамент калимаи “су” (об дар қазоқӣ) изофа мекунад. Ба унвони мисол миёни мурча, оби миёни мурча мешавад, ин гуна яке табдил ба чанд мешавад, равон ва зинда мегардад. Монанди азнавомӯзии решаву асоси касе. Калимае меомӯзи, тариқи такрор вай ҷумла мешавад ва шурӯъ ба дарки он мекунӣ. Бинобар ин садои худро пайдо мекунӣ.













