top of page
Ба ман бигӯ, ҳар чизе

EN  •  Issue 01  •  Фотима Саребаннаҷод

Қисми 1:

Ман: Ба ман бигӯед.

Модар: Ба ту чӣ гӯям?

Ман: Ба ман бигӯед, ҳар чизе.

Модар: Ман ҳамашро гуфтам.

Ман: Боз ба ман бигӯед.

[Хомушӣ]

 

Ман: Фикри худро ба ман бигӯед?

Модар: Фикри ман дар бораи чӣ?

Ман: Ба саволи ман бо саволи дигар ҷавоб надиҳед.

Модар: Саволат нодуруст аст.

Ман: Ндуруст аст?

[Хомушӣ]

 

Ман: Назари шумо чист?

Модар: Ин мусбат аст.

Ман: Назари шумо дар бораи Маҳса чӣ гуна аст?

Модар: Кадом Маҳса?

Ман: Ягон Маҳса.

Модар: Аммо кадомаш?

Ман: Ин воқеан муҳим нест.

Модар: Маҳсаи хоҳари Шеева?

Ман: Не ин Маҳса нест.

Модар: Пас кадомаш?

Ман: Маҳсаи дигар.

Модар: Маҳса, духтари Саид?

Ман: Бале, ҳамон.

Модар: Вай хуб аст.

Ман: Чиаш хуб аст?

Модар: Вай одами хуб аст.

Ман: Вай чихелл аст?

Модар: Ман надонам.

Ман: Вай зоҳиран чӣ гуна аст?

Модар: Маҳса?

Ман: Бале.

Модар: Вай ба модараш монанд аст.

Ман: На ба кӣ монанд аст, балки чӣ гуна аст.

Модар: Вай кулуларӯ, ва сабзина ранг аст.

Ман: Ба вай чӣ шуд?

Модар: Чихелл, чӣ шуд?

Ман: Чӣ шуд?

Модар: Вай издивоҷ кард.

Ман: Кай?

Модар: Соли гузашта, соли пеш.

Ман: Бо кӣ?

Модар: Ман намедонам.

Ман: Чихелл?

Модар: Ман намедонам.

Ман: Шумо дар назар доред, ки вай ошиқ шудааст?

Модар: Намедонам ошиқ шуд ё не.

Ман: Мардум бе ишқ издивоҷ мекунанд?

Модар: Ман намедонам.

Ман: Дар ин боре фикр кардаед?

Модар: Бале.

Ман: Пас чаро намепурсед?

Модар: Аз кӣ пурсам?

Ман: Аз ман.

Модар: Чи пурсам?

Ман: Шумо гуфтед, ки дар ин бора фикр кардаед.

Модар: Чӣ?

Ман: Шумо нав гуфтед, ки фикр кардаед.

Модар: Бале.

Ман: Пас аз ман пурсед.

Модар: Аз ту чӣ пурсам?

Ман: Шумо саволе доред; шумо наметавонед аз ман бипурсед, ки чӣ гуна савол додан мехоҳед.

Модар: Ман савол надорам.

Ман: Пурсидам, ки оё шумо фикр кардаед, ки одамон бе ишқ издивоҷ мекунанд?

Модар: Бале.

Ман: Пас пурсед.

Модар: [ Афсӯс ] Ин тавр нашуд.

 

Қисми 2:

Модар: Пойҳоят сард аст.

Ман: Хона хунук аст.

Модар: Тирезаҳо кушодаанд?

Ман: Боварӣ надорам [ Механдад ] .

Модар: Чаро хандиди?

Ман: Ҳеҷ чиз.

Модар: Пагоҳ кай бояд бедор шави?

Ман: соати 10:30 маро бедор кунед.

Модар: Ман соати 10:30 дар хона намешавам.

Ман: Куҷо мешавед?

Модар: Ман меравам.

[ Хомушӣ ]

 

Модар: Ту ба чи механди?

Ман: Дар хотир надорам.

Модар: Бо падарат гап задӣ?

Ман: Мо дирӯз сӯҳбат кардем.

Модар: Чаро имрӯз гап назади?

Ман: Пагоҳ гап мезанем.

[ Хомушӣ ]

 

Ман: Падар имрӯз чӣ кор кард?

Модар: Ба хонаи модараш рафт.

Ман: Баъд чӣ шуд?

Модар: Баъд ӯ ба хона рафт.

Ман: Баъд чӣ шуд?

Модар: Модараш барои ӯ хӯрок тайёр кард.

Ман: Бо гӯшт ё бе гӯшт?

Модар: Ман намедонам.

Ман: Пас чӣ шуд?

Модар: Баъд ӯ ба хона рафт.

Ман: Ва баъд?

Модар: [ Беғазаб ] Ҳеҷ чиз. Баъд ҳеҷ чиз рӯй надодааст.

Ман: Чӣ тавр ин имконпазир аст?

Модар: Баъд хоб кард.

Ман: Боварӣ доред?

Модар: Пагоҳ ба ӯ занг зада пурс, ки чӣ шуд.

Ман: Фардо ӯ шояд фаромӯш кунад.

Модар: Бале.

Ман: Агар фаромӯш карда бошад, чӣ ба ман гӯянд?

Модар: Ман намедонам, аммо ту бояд инро пайгирӣ куни.

Ман: Падар кай меоянд?

Модар: Рӯзи душанбе.

Ман: Падар кай меравад?

Модар: Куҷо меравад?

Ман: Ба хонааш.

Модар: Ин хонаи ӯ аст.

Ман: Не, ман хонаи дигарро дар назар дорам.

Модар: Кадом дигар хона?

Қисми 3:

Ман: Куҷо рафтед?

Модар: Ман барои ин сӯҳбат вақт надорам.

Ман: Баргардед, ман намехоҳам дар сари дастархон танҳо нишинам.

Модар: [ Бозгашту нишаст ]

Ман: Шумо чӣ хелл?

Модар: Ман хубам.

Ман: Ҳамааш нағз?

Модар: Субҳи амаки тӯ ба ман паёма фиристод, ки “субҳ ба хайр” гуфт ва ман “субҳ ба хайр” гуфтам.

Ман: Боз чӣ гуфт?

Модар: Ӯ ҷавоб надод.

Ман: Хафа ҳастӣ?

Модар: Дар бораи чӣ?

Ман: Ки ӯ ҷавоб надод.

Модар: Ман чизе нагуфтам, ки ба ҷавоб ниёз дошта бошад, танҳо “субҳ ба хайр” гуфтам.

Ман: Хуб, ӯ бояд ба шумо “субҳ ба хайр” мегуфт.

Модар: Аммо ӯ аввал “Субҳ ба хайр” гуфт.

Ман: Субҳ ба хайр чист?

Модар: Ин маънои онро дорад, ки субҳ ба хайр бошад.

Ман: Субҳи шумо хуб буд?

Модар: Бале, бад набуд.

 

Қисми 4:

Ман: Шумо аз Худо чӣ мехоҳед?

Модар: Ман саломатӣ, хушбахтӣ мехоҳам … [ Халал меёбад ]

Ман: Не, чизҳое, ки ҳама мегӯянд, нагӯед.

Модар: Ман аз Худо мехоҳам, ки соли оянда ман умедворам, ки …

Ман: Не не , ин ҳам нагӯ!

Модар: [Асабонӣ шуда] Тӯ ба ман бигӯ, ки аз Худо чӣ мехоҳӣ!

Ман: Барои он ки зуд биёяд.

Модар: Барои чӣ?

Ман: Ин тамоми ҳукм аст. Акнун бигӯед, ки аз Худо чӣ мехоҳед?

Модар: Мепурсам ки сард шавад.

Ман: [ Каноатманд, ба ҳаяҷон ] Зуд биёяд ва сард шавад!


 

Тарҷумон: Илҳом Хошимӣ

bottom of page